Мулоқот бо ятимон дар шаҳри Истиқлол

  Мулоқот бо ятимон дар шаҳри Истиқлол <a href="https://t.
Reklam Alanı
Мулоқот бо ятимон дар шаҳри Истиқлол
01 Nisan 2023 tarihinde DÜNYA kategorisinde yayınlandı. Google News
Reklam Alanı

 

 

 

Мулоқот бо ятимон дар шаҳри Истиқлол

.2023 , шаҳри Истиқлол

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар ятимони кул вохӯрӣ намуда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд.

Барои ин наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн бенасиб мондаанд, дастархони идона ороста шуд. Ятимон бо шодию нишот аз дасти Сарвари раъийятпарвару инсондӯсти мамлакат либоси мактаби, пойафзол, шириниҳо, кӯмаки молӣ ва дигар тӯҳфаҳои арзишманд гирифтанд.

 

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятим, ки аз шаҳрҳои Истиқлолу Истаравшан ва ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мебошанд, суҳбати самимӣ ороста, онҳоро барои таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва кор бо технологияи муосир ҳидоят намуданд.

Ятимони кул аз он изҳори хушҳолӣ менамоянд, ки дар чунин як кишвари ободу зебо зиндагӣ карда, дониш меомӯзанд ва ҳамеша таҳти ғамхорию дастгирии Пешвои маҳбуби миллат қарор доранд. Ҳангоми тақдими тӯҳфаҳо гуфта шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарури ва самарабахш андешида мешаванд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар муассисаҳои таълимӣ, шароити таҳсил ва будубоши тарбиятгирандагон дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтару хубтар карда мешавад. Ҷавонону наврасони ятим худро ҳаргиз бесаробон ҳис накарда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиши мамлакат, илму ҳунар омӯхта, дар шукуфоии аз ин ҳам бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо мегузоранд.

facebook

kaynak:http://www.president.tj/node/30347?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

 

Reklam Alanı
Son Güncelleme: 01 Nisan 2023