Мулоқот бо Раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин Ван Хунин

Мулоқот бо Раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин Ван Хунин <a href="https://t.
Reklam Alanı
Мулоқот бо Раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин Ван Хунин
20 Mayıs 2023 tarihinde SİYASET kategorisinde yayınlandı. Google News
Reklam Alanı

 

 

Мулоқот бо Раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин Ван Хунин

.2023 , Чин

17 май дар шаҳри Пекин дар доираи сафари давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин Ван Хунин мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози вохӯрӣ изҳор доштанд, ки мо ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки Тоҷикистону Чин аҳамияти бузург медиҳем.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамчунин дар соҳаи амниятро муҳокима карданд.

 

 

 

 

Дар робитаҳои дуҷониба ба масъалаи ҳамкории парламентҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла муносибатҳои байниҳизбӣ, ки дорои мавқеи муҳим мебошанд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, таҳкими робитаҳо дар бахшҳои илму маориф ва фарҳангию гуманитариро ҷавобгӯи талаботи замон шумурданд.

facebooktwitter

Kaynak:http://www.president.tj/node/30676?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

Reklam Alanı
Son Güncelleme: 20 Mayıs 2023