Ифтитоҳи коргоҳи дузандагӣ ва қолинбофӣ дар ноҳияи Зафаробод https://t.co/3lzRlj3GhY
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 31, 2023
Ифтитоҳи коргоҳи дузандагӣ ва қолинбофӣ дар ноҳияи Зафаробод
2023 , ноҳияи Зафаробод
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарафшони деҳоти Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Зафаробод Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии дастӣ аз абрешим «Шарифамоҳ»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Коргоҳи навбунёд дар маркази деҳа ҷой гирифта, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зафар Авулов таъсис дода шудааст.
Ба Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки коргоҳ бо таҷҳизоту дастгоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии муосир муҷаҳҳаз карда шуда, барои 20 нафар занону духтарони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуд.
Коргоҳи дӯзандагии «Шарифамоҳ» асосан барои дӯхтани либосҳои мактабӣ, пешбинӣ гардида дар асоси дархости мизоҷон либосҳои занона, мардона, варзишӣ, ҳарбӣ ва ғайраро омода месозад.
Ҳамчунин, дар заминаи таваҷҷӯҳ ба рушди ҳунарҳои суннатии мардумӣ, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ» дар коргоҳ бо таъмин гардидани дастгоҳҳои қолинбофии дастӣ ин ҳунари суннатӣ ривоҷ дода мешавад. Занону духтарони ҳунарманд тавассути дастгоҳҳо бо усули анъанавӣ қолинҳои абрешимӣ истеҳсол менамоянд. Ин намуди қолинбофӣ дар байни ҳунармандони халқӣ маъмул буда, солҳои охир рушд меёбад.
Иттилоъ дода шуд, ки як самти фаъолияти маркази ҳунармандӣ ба омӯзиши ҳунари қолинбофии дастӣ фаро гирифтани занону духтарони деҳа мебошад. Маҳз бо таъсиси ҳамин коргоҳ дар деҳа шумораи ҳунармандони халқӣ, аз ҷумла қолинбофӣ аз байни занону духтарони маҳаллӣ зиёд мегардад.
Ифтитоҳи коргоҳи дузандагӣ ва қолинбофӣ дар ноҳияи Зафаробод https://t.co/3lzRlj3GhY
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 31, 2023
Таъсиси коргоҳи қолинбофӣ ба рушди ин ҳунари анъанавӣ ва бахусус бо ҷои корӣ таъмин намудани занону духтарони деҳа ва соҳиби даромад шудани онҳо замина фароҳам месозад. Таъсиси ҳамингуна коргоҳҳо баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ мусоидат мекунад. Асоси қолинҳои дастиро нах ва риштаи абрешимӣ ташкил медиҳад. Дар истеҳсоли қолин истифода шудани риштаи абрешимӣ бо нақшу нигори зебои миллӣ асоси сифати қолини дастибоф ва серхаридор гардидани маҳсулот дар бозори беруна аст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар ба масъалаи эҳёи анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардидааст.
Бо дастгирӣ ва ғамхории Ҳукумати мамлакат марказҳои ҳунармандӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ ташкил гардида, дар самти соҳибкасб шудани занону духтарони бешуғл шароит фароҳам оварда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин иқдому ташаббуси созандаи соҳибкор дар самти рушди саноат ва ҳунари дар деҳот баҳои баланд дода, фаъолияти ин коргоҳро омили муҳими таъмини занону духтарон бо ҷойи корӣ ва даромаднокӣ аз ин ҳисоб арзёбӣ намуданд.
facebooktwitter
kaynak:http://www.president.tj/node/30384?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter
Ифтитоҳи коргоҳи дузандагӣ ва қолинбофӣ дар ноҳияи Зафаробод https://t.co/3lzRlj3GhY
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 31, 2023