Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Зафаробод https://t.co/p01aysMQz1
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 31, 2023
Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Зафаробод
.2023 , ноҳияи Зафаробод
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ба номи Лоиқ Шералиро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои лоиҳавӣ ва дигар иншооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 дар масоҳати 1,5 гектар бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, фармоиши Идораи сохтмони асосии вилоят бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони ҷамъиятҳои дорои масъулияти муҳдуди “Сохтмони Зафаробод”, “Оламафрӯз 2016”, “Эъҷози ҳунар”, “Сирус” ва “Манзили озод” ба анҷом расонида шудааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои муассиса аз 2 ошёна, 14 синфхона, 4 озмоишгоҳ, ошхона, толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст иборат мебошад. Ҳамаи синфхонаҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо бо лавозимоту таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани дарсу машғулиятҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Зафаробод https://t.co/p01aysMQz1
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 31, 2023
Бинои ин муассисаи таълимӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи муосиру замонавӣ бунёд гардида, дар он дар ду баст 1000 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Дар муассиса 30 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи фарзандон машғуланд.
Дар бинои нави муассиса кабинетҳои фаннӣ баҳри дар сатҳи меъёрӣ гузаронидани дарсҳо омода карда шудаанд. Аз ҷумла, кабинети фанни дифои ҳарбӣ тибқи ойиннома бо таҷҳизоту аёниятҳо муҷаҳҳаз буда, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии хонандагон мусоидат мекунад.
Бо мақсади ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаи нав толори замонавии варзишӣ бунёд шудааст. Хонандагон бо истифода аз ин шароитҳои муосир бо намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла волейболу баскетбол, футзал, тенниси рӯйи миз ва ғайра машғул мешаванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо синфхонаву кабинетҳои фаннӣ ва ҳаммаи шароитҳои фароҳамовардашуда шинос шуда, бо омӯзгорону хонандагони муассиса суҳбати озоду самимӣ намуданд.
Сарвари давлат хонандагонро ҳидоят намуданд, ки аз шароити мусоиди фароҳамгардида самаранок истифода бурда, дониши хуб омӯзанд ва оянда барои пешрафти ҷомеа хизмати шоиста кунанд ва номбардори Ватан бошанд.
Дар саҳни муассиса як майдончаи замонавии варзишӣ барои ҷалби хонандагону сокинони деҳа ба футбол бо тарҳи замонавӣ бунёд гардидааст.
Дар гирду атрофи муассиса дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ ва гулҳои рангоранг шинонида шудааст, ки ба намои бино ҳусни хоса зам мекунад.
facebooktwitter
kaynak:http://www.president.tj/node/30383?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter
Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Зафаробод https://t.co/p01aysMQz1
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 31, 2023